Хуруҷи 250 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53955-Хуруҷи_250_шаҳрванди_Афғонистон_аз_Тоҷикистон
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз хуруҷи 250 шаҳрванди ин кишвар аз ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 26, 2020 08:41 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи 250 шаҳрванди Афғонистон аз Тоҷикистон

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз хуруҷи 250 шаҳрванди ин кишвар аз ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, дар пайи баста шудани марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ба иллати шуйюи бемории коронавирус теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистон, ки қасд доштанд аз тариқи Тоҷикистон ба кишвари хеш бозгарданд,бо тавофуқи вазоратҳои умури хориҷаи ду кишвар имкони хуруҷи ин афрод аз гузаргоҳи марзии Панҷ фароҳам шуд.

Теъдоде аз ин афрод барои дармон, дидор бо бастагон ва тиҷорат ба Тоҷикистон омада буданд, ки бо баста шудани марзҳои ин кишвар ҳангоми бозгашт ба кишварашон бо мушкил рӯбарӯ шуданд.

Теъдоде аз ин афрод донишҷӯёни афғонистоние ҳастанд, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Бар асоси омори сафорати Афғонистон дар Душанбе дар ҳоли ҳозир 400 донишҷӯи афғонистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар мақтаи коршиносӣ, коршиносии аршад ва докторӣ дар соҳаҳои тиб, муҳандисӣ, технологиҳои навин ва иқтисод таҳсил мекунанд.