Корона бисоти арусиро дар Тоҷикистон барчид
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53989-Корона_бисоти_арусиро_дар_Тоҷикистон_барчид
Бино ба дастури комитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон баргузории ҷашни арӯсӣ ба далели густариши вируси корона дар ин кишвар мамнӯъ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 26, 2020 15:37 Asia/Dushanbe
  • Корона бисоти арусиро дар Тоҷикистон барчид

Бино ба дастури комитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон баргузории ҷашни арӯсӣ ба далели густариши вируси корона дар ин кишвар мамнӯъ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи комитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон, Афшин Муқим сухангӯи ин комитет дар тавзеҳи ин иқдом гуфтааст: "бо поён ёфтани моҳи мубораки Рамазон теъдоди зиёде аз сокинони кишвар дархости баргузории ҷашни арӯсиро матраҳ кардаанд, ки ба далели густариши вируси корона феълан аз ин кор ҷулугирӣ хоҳад шуд."

Вай таъкид кардааст, ки ин тасмим бар асоси тавсияҳои штаби моқобила бо вируси корона гирифта шудааст ва идороти тобеи комитети давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон акнун муҷаввизи баргузории ҷашни арӯсиро нахоҳанд дод. 

Афшин Муқим гуфтааст замони дақиқи лағви ин дастур мушаххас нест ва ба беҳбудии авзо дар паи густариши вируси корона бастагӣ хоҳад дошт. 

Бо ин ҳол вай гуфтааст, ки сабти издивоҷи ҷавонон дар идороти сабти аҳвол мужоз мебошад ва мамнуият фақат барои баргузории маросими ҷашни арӯсӣ аст. 

Дар Тоҷикистон бар асоси қонуни танзими ҷашн ва маросим, афроди мутақозӣ бояд аз қабл бо зикри дақиқи теъдоди меҳмонон, соати баргузорӣ ва навъи пазироӣ дархости катбиро барои дарёфти муҷаввиз ба идороти комитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросим ироя кунанд ва дар сурати ҳар навъ тахаллуф аз ин маворид ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум хоҳанд шуд.