Эъломи як мавриди ҷадиди фавт аз Ковид-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53990-Эъломи_як_мавриди_ҷадиди_фавт_аз_Ковид_19_дар_Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то асри рӯзи сешанбе 26 май 166 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бо як мавриди фавти дигар сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 26, 2020 15:46 Asia/Dushanbe
  • Эъломи як мавриди ҷадиди фавт аз Ковид-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то асри рӯзи сешанбе 26 май 166 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бо як мавриди фавти дигар сабт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо дар назар гирифтани мавориди ҷадид то асри рӯзи сешанбе 26 май теъдоди кулли мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба 3 ҳазору 266 нафар расидааст. 

Дар шабонарӯзи ахир омори фавтшудагон бар асари корона бо як мавриди афзоиш 47 нафар эълом шудааст. 

Ҳамчунин 1 ҳазору 417 нафар аз беморони беҳбудёфта аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд ва 2 ҳазору 588 нафар ҳамчунон дар марокизи дармонӣ бистарӣ ҳастанд.