Май 29, 2020 20:02 Asia/Dushanbe
  • Корона ва тавсеаи равобит, меҳвари тамоси телефонии вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Туркия

Вазирони умури хориҷаи Тоҷикистон ва Туркия дар тамоси телефонӣ масоили мухталифи мавриди алоқаи ду тарафро баррасӣ карданд.

Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар тамоси телефонӣ бо ҳам гуфтугӯ карданд.

Сарони ниҳодҳои дипломатии ду кишвар дар ин тамоси телефонӣ вазъияти феълӣ ва чашмандози тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаҳои мухталиф ва ҳамчунин соири мавзӯоти мавриди алоқаи ду тарафро баррасӣ карданд.

Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар заминаи муқобила бо корона аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки дар ин гуфтугӯ баҳсу баррасӣ шуд.

Бар асоси гузориши маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Музаффар Ҳусайнзода, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин дар нишасти маҷозии муовинони ниҳодҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон ширкат кард.

Дар ин нишаст масоили марбут ба муқобила бо “ковид-19” ва созукорҳои эҳтимолии таомул барои коҳиши авоқиби иқтисодии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баррасӣ шуд.