Иттиҳоми Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба хабарнигори Азия-Плюс
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон Абдуллоҳ Ғурбатӣ- хабарнигори Азия-Плюсро ба таҳрики эҳсосоти селзадагон муттаҳам кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ишора ба мавриди ҳамла қарор гирифтани Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ноҳияи Хуросон, дар баёнияе вайро ба поймолсозии ҳарими хонаводаҳо, вуруди ғайримуҷоз ба чодарҳои селздагон ва таҳрики эҳсосоти онон ба манзури эҷоди норизоятӣ нисбат ба ҳукумат муттаҳам кардааст.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ субҳи рӯзи 29 май барои таҳияи хабар аз минтақаи селзадаи Хуросон ба онҷо рафта буд бори дуввум дар як моҳи ахир мавриди ҳамла қарор гирифт.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ки ҳануз ҳам омилони ҳамлаи нахуст ба ин хабарнигорро дар шаҳри Душанбе шиносоӣ накардааст, вайро ба таҳияи гузоришҳои ғараздор аз вазъияти селзадагони ноҳияи Хуросон муттаҳам кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи Ғурбатӣ яке аз муҳоҷимон худро аз мақомоти маҳаллӣ муаррифӣ кардааст.
Ғурбатӣ гуфтааст, ки пас аз 10 соат телефони мобилиашро баргардонданд ва тамомии тасовир ва мусоҳибаҳое, ки бо селзадагон анҷом дода буд, пок кардаанд.