Хабарнигори африқоӣ: Рӯъёи бозгашт ба Тоҷикистон бо дӯстонамро дорам
Дёло Блами-хабарнигори африқоӣ, ки дар чорчуби севумин конфронси байналмилалии Даҳаи иқдоми байналмилалӣ “Об барои тавсеаи пойдор, 2018-2028” дар ҳайати меҳмонон аз шаҳри Норак боздид кард, гуфт: Шаҳри Душанбе зебо ва шаҳри рӯъёҳо аст.
Дар ин сафар беш аз 170 меҳмон аз дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба обанбори «Норак» рафта ва бо манобеъи обӣ ва тавони обии Тоҷикистон ошно мешаванд.
Вай гуфт, ки барои аввалин бор аст ба Тоҷикистон меояд ва қасд дорад, дубора бо дӯстонаш барои сафар ба инҷо биёяд.
Ин хабарнигори буркина-фасоӣ дар Африқо афзуд: Бардоштҳои мусбати зиёде аз ин сафар дорам ва достонҳое дар мавриди табиати мунҳасир ба фард(беназир)и Тоҷикистон хоҳам гуфт.
Дёло Блами афзуд: Ман мегӯям, ки дар ин сарзамин мардумони самимӣ ва меҳмоннавози зиёде зиндагӣ мекунанд, ки аз дидор ва гуфтугӯ бо онҳо хушҳол хоҳед шуд.