Июн 02, 2020 14:36 Asia/Dushanbe
  • Фаолияти 4 хонаи пиронсолон дар Тоҷикистон

4 хонаи пиронсолон дар Тоҷикистон фаолият мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои  Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ,  ҳамчунин  60 мактаби шабонарӯзӣ ва 4 маркази нигоҳдорӣ аз кӯдакони бесарпараст низ дар Тоҷикистон вуҷуд  дорад

Хонум  Давлатова  10 сол мудири мактаби шабонарӯзии Исфара будааст.

Ӯ мегӯяд, муддати  тӯлоние аст, ки дар ин мактаб мушкили таъмини об вуҷуд  дорад об бо танкер таъмин мешавад ҳатто бачаҳои  ӯ  дар сурати  лозим ғизо ва дору барои кӯдакон мехаранд.

Ин мудири мактаби шабонарӯзӣ гуфт: Акнун дар мактаб  32 нафар таҳсил мекунанд. Мадина Шарифова, мутахассиси илмҳои равоншиносӣ ва устодёри равоншиносии донишгоҳ ва раиси Созмони равоншиносон,  мушовирон ва равондармонгарони Тоҷикистон низ муътақид аст, ки иртиботи афроди хонаҳои пиронсолон бо хонандагони мактабҳои шабонарӯзӣ бисёр муассир хоҳад буд.

Ӯ хотирнишон мекунад: Иртиботи ду насл дар ин маврид  ду гурӯҳи  хос , ки гурӯҳи аввал солхӯрдагони ботаҷриба ҳастанд  ва гурӯҳи дигар навҷавонони боангеза ва бонишот ҳам аз назари равоншиносӣ ва ҳам аз назари вижагиҳои фарҳангӣ муфид аст.

Раиси Созмони равоншиносон, мушовирон ва равондармонгарони Тоҷикистон афзуд: Зеро ҳар ду гурӯҳ ниёз ба хонавода  доранд , бино барин бо иртиботи иҷтимоӣ байни ин ду насл ниёзҳои хонаводагии онҳо бартараф мешавад,  зеро бештари хонаводаҳои Тоҷикистон пурҷамъият  ҳастанд  ва аз кӯдакӣ ҳамаи онҳо одат карданд, ки бо ҳам  дар як хона зиндагӣ кунанд.

Ӯ афзуд: Ниёз ба барқарории иртиботи иҷтимоӣ ва таомул бо афрод ҳам дар кӯдакӣ ва ҳам дар пиронсолӣ вуҷуд дорад  дар мавриди солхӯрдагон  ҳангоми  таомул бо фарзандон, эҳсоси масъулияти онҳо буруз пайдо мекунад ва тамоюл ба интиқоли  таҷрибаи худ ба насли ҷавон ба онҳо энержии  бештаре  медиҳад.

Мадина Шарифова афзуд: Барои кӯдакон низ дониши ҷадид ва касби таҷриба сабаб мешавад онҳо фароянди бузург шудан ва пириро беҳтар дарк кунанд.

Абдулазиз Захаров, мудири хонаи пиронсолон дар Хуҷанд ҳам мегӯяд, дидгоҳи шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ  дар бораи хонаи пиронсолон бисёр мутафовит аст, дар кишварҳои ғарбӣ чунин таҷрибае вуҷуд  дорад, аммо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳануз супоридани афроди солхӯрда ба марокизи нигоҳдориро нанг медонанд.

Фарангис Шарифова низ ба далели моҳияти фаолиятҳои довталабонаи худ, ағлаб  бо бачаҳои ятимхонаҳо ва афроди солхӯрда дар хонаҳои пиронсолон иртибот дорад  ӯ мутмаин нест, ки чунин озмоише барои иртиботи ин ду гурӯҳ  аз афрод  муносиб бошад. Фарангис мегӯяд: Ағлаб ман ба дидани кӯдаконе, ки дар мактабҳои шабонарӯзӣ ва ятимхонаҳо нигоҳдорӣ мешаванд  меравам кӯдакон дар онҷо мутафовит ҳастанд. Ў мегӯяд бештари солхӯрдагоне, ки барои нигоҳдорӣ ба хонаҳои пиронсолон супорида мешаванд  бемор ҳастанд ва аз зиндагӣ ноумед шуданд байни онҳо меҳрбон, дилсӯз ва умедвор ҳам ҳаст, аммо онҳо дар синну соле қарор доранд, ки фақат ниёзманди иҷобати хостаҳои ибтидоие монанди оромиш ҳастанд. Ситора Қурбонова, раиси Созмони занони маъюиби Тоҷикистон ва мутахассиси ҳуқуқи ҷинсӣ низ муътақид аст, ки барқарории иртибот байни кӯдакон ва солхӯрдагон хатарнок аст ва эҳтимоли поймолсозии ҳуқуқи кӯдак вуҷуд дорад.

Ситора мегӯяд: Мардум  дар Тоҷикистон ба иродаи худ ба хонаҳои пиронсолон намеоянд, бештари онҳо афроде ҳастанд, ки фаолияти баднии нокофӣ ва бемориҳои шадиди ҷисмӣ ва рӯҳӣ  доранд ва бештари онҳо аз тавҳинҳои фарзандон ва хонаводаи худ  ранҷ мебаранд. Мутахассиси ҳуқуқи ҷинсии Тоҷикистон эътиқод  дорад, агар қарор аст чунин озмоише иҷро шавад, фақат бояд намунаи озмоиш афроди  солхӯрдае бошад, ки дар гузашта омӯзгор, устод, ҳунарманд ва мусиқидон буданд.

Ӯ гуфт: Бояд аз кӯдконе ҳам истифода шавад, ки падар ва модар доранд  ва онҳо мехоҳанд фарзанди худро тарбият кунанд ва ё дархости омӯзишҳои ҳунарӣ ба фарзандони худ доранд.

Ситора Қурбонова афзуд: Фақат  дар ин ҳолат аст, ки солхӯрдагон хушҳол хоҳанд шуд, ки таҷрибаҳо ва дониши худро ба насли ҷавон мунтақил мекунанд.