Сабти 87 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард то асри сешанбеи 2 июн 87 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар ин кишвар сабт шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, бо дар назар гирифтани мавориди ҷадид то асри рӯзи сешанбе дуюми июн теъдоди кулли мубталоён ба Ковид-19 дар Тоҷикистон ба чаҳор ҳазору 100 нафар расид.
Дар шабонарӯзи ахир омори фавтидагон бар асари корона бидуни тағйир ҳамон 47 нафар эъло шуда.ки ин рақам дар ҳафт рӯзи ахир бидуни афзоиш боқӣ мондааст.
Ҳамчунин 2 ҳазору 217 нафар аз беморон беҳбуд ёфта, аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд ва ҳазору 612 нафар ҳамчунон дар марокизи дармонӣ бистарӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, ки аз чаҳор ҳазору 100 нафар мубтало ба вируси корона дар Тоҷикистон ду ҳазору 217 нафар баробар бо 54 дар сади беморон беҳбуд ёфтаанд.
дар канори омори расмӣ ва давлатӣ. феълан шабакаҳои иҷтимоӣ ҳама рӯза номи афроди фавт шуда бар асари вируси корона ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистонро дар интернет мунташир мекунанд,ки то субҳи рӯзи сешанбе дуюми июн теъдоди онон ба беш аз 400 нафар расидааст.