Июн 03, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани марзҳои кишвари Монтенегро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон

Мақомоти кишвари Монтенегро (Черногория) марзҳои худро ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон боз мекунанд.

Ба гузориши “Спутник”, мақомоти Монтенегро тасмим гирифтанд бо беҳбуди вазъияти беҳдошти бархе аз кишварҳо, маҳдудиятҳои тараддуд дар марзҳои худро коҳиш диҳанд.

Мақомоти Монтенегро листе аз 130 кишвар мунташир карданд, ки шаҳрвандони онҳо аз аввали июн метавонанд озодона вориди ин кишвар шаванд.

Тоҷикистон ҳам аз кишварҳоест, ки шаҳрвандонаш барои вуруд ба хоки Черногория муҷоз ҳастанд ва ниёзе ба карантин ва гирифтани озмоишҳои корона нахоҳанд дошт.

Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Қирғизистон ҳам аз кишварҳое ҳастанд, ки атбои инҳо барои тараддуд дар кишвара Монтенегро муҷоз эълом шуданд, аммо Русия дар феҳристи эъломии мақомоти беҳдоштии Монтенегро нест.