Пардохти моҳона 100 доллар ба кӯдакони бесарпараст дар Тоҷикистон
(last modified 2020-06-03T14:19:18+00:00 )
Июн 03, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Пардохти моҳона 100 доллар ба кӯдакони бесарпараст дар Тоҷикистон

Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон моҳона 100 доллар кумаки маишатӣ ба афроди бесарпараст пардохт мекунад.

Ба гузориши Хадамоти матбуотии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, кумакҳазинаи моҳона 100 доллар ба ятимони тоҷик пардохт мешавад.

Ин кумаки маишатӣ ба 500 бесарпараст дар манотиқи Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кӯшониён, Вахш , Левакант, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Норак, Ёвон, Дӯстӣ, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун пардохт хоҳад шуд.

Пеш аз ин қарор буд, ки ба хонаводаҳои камдаромад дар Тоҷикистон ҳар се моҳ 116 сомонӣ ба унвони кумак ҳазинаи маишатӣ пардохт шавад.