Июн 05, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • Муофиятҳои молиётии густурда дар барномаи зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон барномаи зиддибуҳрони вируси корона дар ин кишварро имзо кард, ки муофиятҳои молиётии густурдаеро шомил мешавад.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон имтиёзоте ба марокизи тавлидӣ, ширкатҳои гардишгарӣ ва меҳмонхонаҳову бахши хусусӣ дода мешавад, ки аз ҷумла пардохти ҳазинаи об, барқ ва телефони марокизи тавлидӣ ва санъатӣ то авохири соли 2020 манъ шудааст.  

Ҳамчунин бар асоси ин фармон, аз аввали моҳи апрел то сентябри соли 2020 бахшҳои гардишгарӣ ва ҳотелдорӣ, ҳамлунақли умумӣ, ресторанҳо ва ғизохуриҳо, варзишгоҳҳо ва осоишгоҳҳо аз пардохти молиёт озод шудаанд.

Ширкатҳои хусусие, ки аз аввали моҳи май то аввали августи соли 2020 ба далели густариши вируси корона таътил шудаанд, низ аз пардохти иҷорабаҳои сохтмонҳо озод мешаванд.

Ҳамчунин фаъолони бахши хусусие, ки дар бозорҳо ва марокизи тиҷорӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ ва ороишгоҳҳо бар асоси муҷаввиз фаъолият мекунанд ва ба далели густариши вируси корона таътил шудаанд, аз аввали моҳи май то аввали августи 2020 аз пардохти молиёт озод мешаванд.

Воридоти лавозими пизишкӣ, таҷҳизот ва либосҳои ҳифозатӣ ва маводи зиддиуфунӣ низ аз аввали июл то аввали август аз пардохт озод мебошад.

Бар асоси фармони зиддибуҳронии раисҷумҳури Тоҷикистон, мизони суди бозпардохти вомҳои бонкӣ низ дар ин кишвар аз аввали моҳи июн то авохири соли 2020 аз 12 дарсад ба шаш дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

 

Барчасп