Сабти 81 мавриди ҷадиди “Ковид -19” дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54231-Сабти_81_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_фавтӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то асри ҷумъаи панҷуми июн 81 мавриди ҷадиди “Ковид -19” дар ин кишвар сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 05, 2020 15:16 Asia/Dushanbe
  • Сабти 81 мавриди ҷадиди “Ковид -19” дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, то асри ҷумъаи панҷуми июн 81 мавриди ҷадиди “Ковид -19” дар ин кишвар сабт шудааст.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, бо дар назар гирифтани мавориди ҷадид то асри рӯзи ҷумъаи панҷуми июн, теъдоди кулли мубталоён ба “Ковид -19” дар Тоҷикистон ба чаҳор ҳазору 370 нафар расид.

Дар шабонарӯзи ахир омори фавтидагон бар асари корона бидуни тағйир ва 48 нафар эълом шудааст ва ин рақам дар се рӯзи ахир бидуни афзоиш боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, ки ду ҳазору 791 нафар аз беморон беҳбуд ёфта, аз бемористонҳои Тоҷикистон мураххас шудаанд ва як ҳазору 355 нафар ҳамчунон дар марокизи дармонӣ бистарӣ ҳастанд.

Бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки бо коҳиши теъдоди афроди гирифтори вируси корона дар Тоҷикистон, мардум бо нодида гирифтани муқаррароти беҳдоштии рафтуомад дар кӯча ва хиёбонҳоро афзоиш дода, бидуни моск дар маконҳои умумӣ ҳозир мешаванд ва фосилаи иҷтимоиро муроот намекунанд.