Июн 06, 2020 13:59 Asia/Dushanbe
  • Нигаҳдории 116 гуна ҷонвар дар боғи ваҳши шаҳри Душанбе

116 гуна ҷонвар дар боғи ваҳши шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба нақл аз Pressa.tj, Маъруф Тошев, мудири боғи ваҳши шаҳри Душанбе гуфт: 1800 ҳайвон дар боғи ваҳши шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд.

Ӯ афзуд: Шер, хирс, кенгуру, шутури сафед, паланг ва гург, аз ҷумлаи гунаҳои ҷонварии боғи ваҳш ҳастанд.

Ӯ ҳамчунин гуфт: Домпизишкон муназзам тамомии ҳайвонотро муоина мекунанд ва тағзияи рӯзонаи ҳайвонот низ бар асоси шеваномаҳои байналмилалӣ аст.