Шиносоии 76 мавриди ҷадиди COVID-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ
Июн 07, 2020 16:53 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир, 76 мавриди ҷадиди коронавирус дар ин кишвар бидуни фавтӣ сабт шудааст.
Ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми июн дар ин кишвар, 1 185 нафар зери назорати пизишкон қарор дошта, дар шабонарӯзи ахир, 185 нафар пас аз беҳбуд ёфтан, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 19 рӯзи 7 июн, дар ин кишвар, 4 529 нафар бемори коронавирус шиносоӣ шуда ва аз ин беморӣ то кунун 2 673 (59%) нафар низ беҳбуд ёфтаанд.
Барчасп