Июн 08, 2020 10:00 Asia/Dushanbe
  • Олуда шудани 23 коргари ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ба вируси корона

Матбуоти Чин аз мубтало шудани 23 коргари як ширкати муштараки Тоҷикистону Чин дар вилояти Суғд ба вируси корона хабар додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, нашрияи "Фазои Шарқ"-и Чин эълом кардааст, ки 17 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" шаҳрвандони чинӣ ва шаш тани дигар тоҷик мебошанд.

Дар ин корхона сеҳазор нафар фаолият мекунанд, ки як ҳазору 100 тан шаҳрвандони чинӣ ва бақия тоҷик ҳастанд.

Коргарони чинӣ ба далели густариши вируси корона хостори бозгашт ба кишвари хеш шудаанд, аммо ба иллати баста будани марзҳо  дар  ҳоли ҳозир ин амр имконпазир нест.

Ширкати ёдшуда дар соли 2007 дар шаҳраки Зарнисор ифтитоҳ шуда аз зарфияти коркарди солона як миллион тонна сурбу рӯҳ бархурдор аст.

 

Барчасп