Июн 08, 2020 15:54 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрдори Кӯлоб ба иттиҳоми фасоди иқтисодӣ

Баҳроми Иноятзода, шаҳрдори Кӯлоб аз ҷониби кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди иқтисодӣ боздошт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Ховар, боздошти ин мақоми маҳаллии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз душанбе 8-уми июн бар асоси эътирофоти ронанда ва раиси идораи ӯ сурат гирифт.

Қабл аз ин дар рӯзи 27 майи имсол Хурсандалӣ Хуррамов ронанда Иноятзода ва рӯзи сеюми июн низ Фирӯз Қурбонов, раиси идораи шаҳрдори акнун боздоштшудаи Кӯлоб ба ҳабс гирифта шуданд.

Расонаҳои гурӯҳи ҷурми ин ду нафарро ба фурӯш гузоштани ғайриқонунии кӯмакҳои башардӯстонаи зидди коронаӣ эълом кардаанд.

Хуррамов ва Қурбонов гуфтаанд бо дастури Баҳром Иноятзода даст ба тахаллуфот задаанд.

Дар айни ҳол теъдоде аз сокинони Кӯлоб низ аз Иноятзода шикоятҳое доштаанд.

Баҳроми Иноятзодаи 60 сола пештар раиси шаҳри Истаравшан буд ва дар он замон ба иқдомоти динситезона шӯҳрат дошт.

Аз ҷумла вай гуфта буд, аз масҷид ҳеч касе бо фикри солим берун намеояд.

Тайи ду соли фаъолияти ӯ дар мақоми раиси шаҳри Истаравшан 36 масҷид дар ин шаҳр таътил шуд.

Барчасп