Кӯмаки 80 ҳазор еврои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 08 Jun 2020 13:25:22 GMT )
Июн 08, 2020 18:25 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки 80 ҳазор еврои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон

Иттиҳодияи Аврупо барои ҳимоят аз хонаводаҳои осебдида аз вуқуъи сел, 80 ҳазор евро ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хурросон, ба нақл аз Эки Пресс, илова бар ин кӯмаки молии Иттиҳодияи Аврупо, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳам кӯмакҳоро дар миёни афроде, ки дар асри сел осеб диданд тавзеъ мекунад.

Ҳудуди 1700 нафар аз сокинони навоҳии Бохтар ва Хуросони минтақаи Хатлон, ки аз вуқӯъи сел осеб диданд, ин кӯмакҳоро дарёфт хоҳанд кард. 

Ин кӯмакҳо шомили васоили ошпазхона ва манзил, маводи ғизоӣ, матрас ва кӯрпа аст.