Июн 09, 2020 08:59 Asia/Dushanbe
  • Кумак ба марокизи беҳдоштӣ дар вилояти Суғд

Саховатпешаҳои тоҷик кумакҳои беҳдоштӣ ба марокизи дармонии вилояти Суғд эҳдо карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва раиси вилояти Суғд, бо талоши Матлубиддин Қозиев, яке аз хайирони сокини шаҳри Исфара ва Абдуризо Абдулаҳад аз шаҳрвандони тоҷики муқими Русия ин кумакҳо ба бемористонҳои вилояти Суғд эҳдо шуд.

Бо талоши ин гурӯҳ 100 либоси муҳофизи вижа ба арзиши 45 ҳазор сомонӣ ба бемористонҳои марказии Ворух таҳвил дода шуд.

Ҳамчунин бо ҳимояти молии Абдуризо Абдулаҳад низ 500 дастгоҳи вижаи ташхиси бемории корона ва 500 ниқоби тиббӣ харидорӣ ва 180 киса орд ва 180 равған низ ба коркунони марокизи беҳдоштӣ эҳдо шуд.