Интисобҳои нави раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон теъдоде аз мақомоти кишварро барканор ва афроди дигареро ба ҷои онҳо мансуб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар аҳкоми ҷудогонае муовинони вазири нақлиёт, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ ва Хадамоти давлатии меъмории Тоҷикистонро барканор ва афроди дигареро ба ҷои онон мансуб кард.
Бар асоси фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Суҳроб Мирзозода ва Рустам Вализода аз симати муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон барканор ва Раҳим Бобозода ва Шуҷоат Сироҷзода ҷонишини онон шуданд.
Ҳамчунин Раҳмон дар ҳукми дигаре Саидумрон Абдураҳмонзода ва Зарина Назарзодаро аз симати муовинони Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист барканор ва Абдуқодир Мавлодод ва Зарафо Қиёмзодаро ба ҷои онҳо мансуб кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Нурулло Абдураҳимзодаро ҳам ба ҷои Раҳматулло Табарзода ба симати раиси Хадамоти давлатии меъмории Тоҷикистон мансуб кард.
Бо аҳкоми дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Сахидод Раҳматуллозода ба симати муовини раиси Кумитаи давлатии забон ва истилоҳот ва Музаффар Аҳмадзода ва Ҷамшед Саидшоҳзода ба симати муовинони Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мансуб шуданд.