Шиносоии 81 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54369-Шиносоии_81_мавриди_ҷадиди_Ковид_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_фавтӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир 81 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар ин кишвар бидуни фавтӣ сабт шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 09, 2020 14:51 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии 81 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир 81 мавриди ҷадиди Ковид-19 дар ин кишвар бидуни фавтӣ сабт шудааст.

Бино ба иттилои радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то рӯзи 9 июн дар ин кишвар 1124 нафар зери назорати пизишкон қарор дошта, дар шабонарӯзи ахир 52 нафар пас аз беҳбуд ёфтан аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то соати 19 рӯзи 9 июн дар ин кишвар чаҳор ҳазору 690 нафар бемори Ковид-19 шиносоӣ шуда ва аз ин беморӣ то кунун ду ҳазору 815 нафар (60 дар сад) низ беҳбуд ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар шабонарӯзи ахир ҳеч мавриде аз фавт бар асари Ковид-19 дар кишвар сабт нашуда ва омори фавтиҳо ҳамон 48 нафар бидуни тағйир боқӣ мондааст.