Маҳкумияти теъдоде аз ақвоми муфтии Тоҷикистон ба зиндон
Додгоҳи вилояти Хатлон 13 нафар аз ақвоми наздики муфтии Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин ба зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ин додгоҳ Муҳаммадсаид Акрамов- писарамаки муфтии Тоҷикистон ва имоми ҷумъаи ноҳияи Восеъ ва се бародарашро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин маҳкум, аммо ба таври шартӣ озод кард.
Додгоҳи вилояти Хатлон 10 нафар аз ҷумла писар, домод ва бародарзодагони Муҳаммадсаид Акрамовро, ки онҳо низ ҳамагӣ аз бастагони муфтии Тоҷикистон мебошанд, ба иттиҳоми мушобеҳ аз панҷ то ҳафт сол ба зиндон маҳкум кард.
Шахси Мукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба далели беморӣ наметавонад дар ин маврид ибрози назар кунад, аммо бастагони маҳкумшудагон мегӯянд, ки иттиҳоми онон дар додгоҳ собит нашуда ва аҳкоми содиршуда беасос аст.
Бо ин ҳол Бобоҷон Шералӣ, раиси додгоҳи вилояти Хатлон муътақид аст, ки онон муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи ифротӣ ва мамнуаи Ихвонулмуслимин мебошанд.
Ин афрод дар чорчуби парвандаи пурсарусадои боздошти густурдаи аъзои гурӯҳи мамнуаи Ихвонулмуслимин чаҳор моҳ қабл боздошт шуда буданд.