Июн 10, 2020 10:10 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як низомии Тоҷикистон ба иттиҳоми порагирӣ

Кормандони Ожонси назорати давлатии молиявии Тоҷикистон сардори Хадамоти тиббии яке аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаро ба иттиҳоми порагирӣ боздошт карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хадамоти матбуотии Ожонси назорати давлатии молиявииТоҷикистон иттилоъ дод, хонум Г.К., сардори Хадамоти тиббии қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷурми дарёфти ғайриқонунии 30 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.

Қарор буд ин мақоми масъул дар умури тиббии ҳарбӣ бо дарёфти маблағи фавқ барои озодии шаҳрванд "Б" аз хизмати ҳарбӣ мусоидат кунад.

Иттилоия меафзояд: Дар бораи корҳои ғайриқонунии сардори Хадамоти тиббии қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми порагирӣ боз шудааст.

Ришвахорӣ, қаллобӣ ва тасарруфи амволи давлатӣ аз ҷумла намунаҳои фасоди молии мақомоти ҳукуматии Тоҷикистон аст, ки ба бахшҳои ҳассоси низомӣ ва амниятӣ низ сироят кардааст.

Фасоди молии мансабдорони Тоҷикистон ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои байналмиллалӣ аст.

 

Барчасп