Июн 10, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Ба коргирии 32 ҳазор кадри дармонӣ дар Тоҷикистон барои мубориза бо корона

32 ҳазору 500 пизишк ва корманди бемористонии Тоҷикистон дар чорчуби мубориза бо бемории корона-КОВИД-19 ба кор гирифта шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз иттилоияи Дафтари матбуоти Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин теъдод кадри дармонӣ ва хадамоти пизишкӣ дар 85 бемористони ин кишвар хидмат мекунанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълом кардааст, ки бо талошҳои пайвастаи мақомоти беҳдоштии пизишкон ва ҳамшираи шафқат то кунун 60 дарсад аз беморони мубтало ба КОВИД-19 дар ин кишвар беҳбуд ёфтаанд.

Дар ин миён мутаассифона 48 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мубтало шудан ба КОВИД-19 ҷон бохтаанд, аммо манобеи ғайрирасмӣ шумори гирифторон ва фавтидагонро ба маротиб бештар эълом мекунанд.

Барномаи вижаи безараргардонии бозорҳо ва марокизи хадамотии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ шуда ва қарор аст аз рӯзи 15 июн ин марокиз бозгушоӣ шаванд.

Барномаи мушобеҳе дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд дар ҳоли иҷро аст.