Охирин омори COVID-19 дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54437
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 71 мавриди ҷадиди COVID-19 шинсоӣ шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 11, 2020 22:21 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 71 мавриди ҷадиди COVID-19 шинсоӣ шудааст.

Дар иттилоияи ҷадиди Вазорати тандурустии Тоҷикиистон, ки дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифта, омадааст, ки то рӯзи 11 июн дар Тоҷикистон 887 нафар бистарӣ шуда ва дар шабонарӯзи ахир, 115 нафар низ беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 11 июн дар Тоҷикистон 4 834 нафар бо ташхиси коронавирус шиносоӣ шуда, ки аз ин теъдод то кунун дар кишвар 3 62 (63, 3 %) нафар беҳбуд ёфта ва бемористонҳо мураххас шудаанд.

Дар шабонарӯзи ахир ҳеҷ мавриде аз фавт бар асари коронавирус дар кишвар сабт нашудааст.