Июн 13, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Тасмимгриӣ барои боз кардани гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон то поёни моҳи июн

Қарор аст барои боз кардани марзҳои Тоҷикистон, то поёни моҳи июн тасмимгирӣ шавад.

Дар ҳоли ҳозир гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо кишварҳои Узбакистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Чин баста ва фақат тараддуди мошинҳои ҳомили маводи ғизоӣ ва беҳдоштӣ муҷоз аст.

Тамоми васоили нақлия ҳам ҳангоми убур аз марзҳои Тоҷикистон зиддиуфунӣ ва ронандагони онҳо низ муоина мешаванд.

Мақомоти Тоҷикистон мумкин аст дар ибтидои ҳафтаи оянда дар бораи бозкушоии гузаргоҳҳои марзӣ тасмим бигиранд.