Июн 13, 2020 13:18 Asia/Dushanbe
  • 20 соли зиндон барои яке аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ

Додгоҳи олии Тоҷикистон яке аз мухолифони сиёсии бозгардондашуда аз Австрияро, ба иллати узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз сомонаи Фарғона, додгоҳи олии Тоҷикистон, Ҳизбулло Шовализода, сокини 29-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Мурофиаи ӯ ба сурати махфӣ ва пушти дарҳои баста дар боздоштгоҳ доир шудааст. Ҳизбулло Шовализодаи 29-сола рӯзи 5 март аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Дафтари матбуотии додгоҳи олии Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти ин парванда тавзеҳи бештаре надод.

Пеш аз ин, мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон эълом карда буданд, ки Шовализода узви Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ шудааст.

Шовализода бар асоси тафоҳумноаи истирдоди муҷримон байни ду кишвар дар Австрия боздошт ва ба Тоҷикистон мунтақил шуд.

 

Барчасп