Июн 15, 2020 12:41 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии фаолияти марокизи тиҷорӣ ва хизматрасонии Тоҷикистон

Бар асоси тасмими Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон фаолияти марокизи тиҷорӣ ва хизматрасонӣ дар ин кишвар ба далели беҳбуди нисбии вазъият аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, бино бар тасмими Ситоди мубориза бо вируси корона ба раёсати Қоҳир Расулзода- нахуствазири Тоҷикистон марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн дар ин кишвар фаолияти худро аз имрӯз 15 июн дубора оғоз карданд.

Дар баёнияи Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон таъкид шудааст, ки моликони ин марокиз ва муштариён маҷбур ба  мурооти муқаррароти беҳдоштӣ, риояти фосилаи иҷтимоӣ ва доштани ниқоби тиббӣ мебошанд.

Ҳамчунин дзинфексияи марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн аз дигар заруриёте мебошад, ки дар сурати риоят нашудан, мақомоти тандурустӣ ба ҷаримаи молии моликон ва ё бастани дубораи ин марокиз иқдом хоҳанд кард.

Фаолияти марокизи тиҷорӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ба далели густариши вируси корона наздик ба ду моҳу ним таътил шуда буд.