Ҳазина шудани бештари қарзҳои арабӣ дар тарҳҳои нақлиётии Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард: Бахши асосии қарзи кишварҳои арабӣ ва Созмони ОПЕК дар тарҳҳои нақлиёти ин кишвар ҳазина шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон, акнун мизони қарзи Тоҷикистон ба фондҳои молии кишварҳои арабӣ ва Созмони ОПЕК ба 165 миллион доллар расида, ки бахши асосии ин қарзҳо дар тарҳҳои нақлиёт мавриди истифода қарор гирифтааст.
Сомонаи Вазорати молияи Тоҷикистон дар шарҳи ҷузиёти ҳазина шудани ин қарзҳо аз ҷумла навиштааст: Дар сохти 40 километр аз роҳи Кулоб-Қалъахам, ки иртиботи ҷодаӣ-заминии вилояти Хатлон ба вилояти Бадахшонро таъмин мекунад 94 миллион доллар ҳазина шудааст.
Дар маҷмӯъ қарзи Тоҷикистон ба Фонди рушди Арабистони саудӣ 78 миллиону 100 ҳазор доллар, Фонди Созмони ОПЕК 40 миллиону 400 ҳазор доллар, Фонди сармоягузории Кувейт 37 миллиону 400 ҳазор доллар ва Фонди рушди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ 9 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил мекунад.
Ҳамчунин қарзи Душанбе ба Бонки рушди исломӣ ба 134 миллиону 900 ҳазор доллар расидааст.
Кишварҳои арабӣ бо мувофиқати Бонки рушди исломӣ ба Тоҷикистон қарз медиҳанд.