Баргузории нишасти СПАД ба шакли видеоконфронс
(last modified Mon, 15 Jun 2020 08:36:44 GMT )
Июн 15, 2020 13:36 Asia/Dushanbe
  • Баргузории нишасти СПАД ба шакли видеоконфронс

Нишасти Шурои байнипарлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) имрӯз 15 июн ва бо ҳузури раиси нави парлумони Тоҷикистон ба шакли видеоконфронс баргузор мегардад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Муҳаммадато Султонов- сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфтааст, ки ин нахустин суханронии Муҳаммадтоҳир Зокирзода- раиси парлумони ин кишвар дар нишасти Шурои байнипарлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хоҳад буд.

Вай таъкид кардааст, ки дар нишасти имрӯзи раисони парлумонҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ба шакли видеоконфронс баргузор мешавад, дар бораи масоили амниятии минтақа ва ҷаҳон, вазъияти Афғонистон, таҳкими марзҳои муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ва мубориза бо вируси корона баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

Дар ин нишаст Станислав Зас- дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ  дар бораи иҷрои барномаҳои қаблии ин ниҳод барои таъмини амният дар ҳавзаи кишварҳои узви ин созмон гузориш хоҳад дод.

Нишасти қаблии сарони кишварҳои узви СПАД дар моҳи ноябри соли  2019  баргузор шуда буд.