Боз шудани бозори Корвони шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 16 Jun 2020 04:38:11 GMT )
Июн 16, 2020 09:38 Asia/Dushanbe
  • Боз шудани бозори Корвони шаҳри Душанбе

Бозори Корвони шаҳри Душанбе пас аз ҳудуди як моҳу ним таътил боз шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз шаҳрдории Душанбе, дар рӯзи аввали боз шудани бозор ҳудуди 90 дарсад аз соҳибкорон фаолияти худро шуруъ карданд.

Ҳалима Мавлонова, директори  бозори Корвони Душанбе гуфт : Ин бозор дар муддати карантин таътил буд вале тамомии бозор дар ин муддат дзинфексия мешуд.

Вай афзуд: Дар даромадгоҳҳо ва хуруҷиҳои бозор маводи безараргардонӣ (монанди спирт ва хлор) қарор дода шуда то мардум аз он истифода кунанд ҳамчунин ҳарорати бадани фурушандаҳо низ зуд ба зуд  санҷида мешавад.

Директори  бозори Корвон гуфт: Аз тариқи баландгӯҳои насбшуда дар бозор, ба кормандон ва муштариёни бозори Корвон риояти иқдомоти беҳдоштӣ ёдоварӣ мешавад. Ҳалима Мавлонова афзуд: Шаҳрвандоне, ки дастуруламалҳои беҳдоштиро риоят накунанд, иҷозаи вуруд ба бозор надоранд.