Июн 16, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти зерсохтҳои гардишгарии Тоҷикистон мувофиқи шохисаҳои байналмиллалӣ

Аз тавонмандиҳои гардишгарии рустоӣ дар Тоҷикистон мувофиқ бо шохисаҳои байналмиллалӣ ҳимоят мешавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси Тоҷикистон пешнависи тавофуқномаи таъмини эътибор байни Тоҷикистон ва Анҷумани байналмиллалии “тавсеаи иқтисоди рустоӣ”-ро тасвиб карданд.

Дар ин тарҳ, ки қарор аст аз имсол то соли 2022 иҷро шавад зерсохтҳои тавсеаи гардишгарӣ ва ба хусус бумгардӣ дар ин кишвар тақвият хоҳад шуд.

Ҳамчунин бо иҷрои ин тарҳ ба иллати афзоиши сафари гардишгарон ба ду вилояти гардишгарпазири Бадахшон ва Хатлон даромади сокинони ин минтақаҳо низ афзоиш меёбад.

Дар чорчуби ин тарҳ чаҳор макони таърихӣ ва гардишгарии кишвар аз ҷумла “Хоҷа Машҳад”, “Чилучор чашма”, “Ҳулбук” дар вилояти Хатлон ва қалъаи “Ямчун” дар вилояти Бадахшон бозсозӣ ва заминаи сабти ҷаҳонии он фароҳам мешавад.