Июн 16, 2020 19:38 Asia/Dushanbe
  • Кори хайри некӯкори тоҷик дар Русия: Пардохт барои интиқоли ҷасади 50 муҳоҷир

Як некӯкори тоҷик ҳазинаи интиқоли ҷасади 50 коргари муҳоҷири фавтидаи тоҷик аз Русия ба Тоҷикистонро пардохт кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, Каримҷон Ёров мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия гуфтааст, ки ин фарди некӯкори тоҷик аз шаҳри Новосибирски Русия нахоста, ки номаш эълон шавад ва таъкид кардааст, ки дар ҳаққаш дуои хайр кунанд.

Ба далели қатъи парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон акнун аҷсоди ин 50 нафар бо комюни яхчолдор аз Русия ба Тоҷикистон мунтақил хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки дар якчанд ҳафтаи ахир аз Русия ба Тоҷикистон бо парвозҳои чартерӣ аҷчоди беш аз 100 коргари муҳоҷири фавтидаи тоҷик мунтақил шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки аҷсоди коргарони муҳоҷири тоҷики фавтида дар Русия бар асари вируси корона дар дохили ин кишвар ба хок супурда мешавад.

Ҳамасола дар русия бар асари беморӣ ва ҳаводиси мухталифбеш аз ҳазор нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик ҷони худро аз даст медиҳанд, ки имсол ба далели густариши вируси корона ин маврид афзоиш ёфтааст.