Шиносоии 61 мавриди ҷадиди “ковид- 19” дар Тоҷикистон бо як фавтӣ
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи охир 61 мавриди ҷадиди “ковид 19” дар ин кишвар, бо як фавтӣ сабт шудааст.
Ба гузориши сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то рӯзи чаҳоршанбеи 17 июн дар ин кишвар теъдоди фавтшудагон бар асари вируси корона бо як маврид афзоиш ба 51 нафар расидааст.
Ин вазоратхона теъдоди умумии афроди мубтало ба “ковид 19” дар Тоҷикистонро то рӯзи чаҳоршанбеи 17 июн панҷ ҳазору 221 нафар эълом кард.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон то соати 19 рӯзи чаҳоршанбеи 17 июн дар ин кишвар се ҳазору 700 нафар низ аз бемории “ковид 19” беҳбуд ёфтаанд, ки 70 дарсад аз кулли маризони шифоёфтаро ташкил мекунад.
Бо ин ҳол 310 нафар таҳти муроқибатҳои пизишкӣ дар бемористонҳо ба гумони мубтало шудан ба вируси корона қарор дода шудаанд.