Июн 17, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди маҳдудиятҳои коронаӣ дар Бадахшони Тоҷикистон

Бархилофи дигар минтақаҳои Тоҷикистон маҳдудиятҳои коронаӣ дар вилояти Бадахшон тамдид шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин матлабро Ёдгор Файзов, раиси вилояти худмухтори Бадахшон ба  Азия-Плюс гуфта ва эълом карда, ки то рӯзи 20 июн тамоми маконҳои тиҷорӣ ва хизматрасонӣ дубора мавриди арзёбӣ қарор мегиранд ва дар сурати посухгӯ будан ба талаботи беҳдоштии зиддикоронаии ин марокиз дар мавриди бозгушоии онҳо тасмимгирӣ хоҳад шуд. 

Ба ҳамин манзур дирӯз раиси вилояти худмухтори Бадахшон ба ҳамроҳии шуморе аз мақомоти масъули ин вилоят аз марокизи тиҷорӣ ва хизматрасонии шаҳри Хоруғ, маркази вилоят боздид кард.   

Ба думболи ин боздид эълом шуд маҳдудиятҳои коронаӣ дар Бадахшон тамдид шудааст.   

Пеш аз ин мақомоти вилояти Бадахшон аз марги 22 сокини ин волоият хабар дода буданд.  

Бадахшон, минтақаи худмухтор ва кӯҳистонӣ дар шарқи Тоҷикистон аст, ки бо кишварҳои Қирғизистон, Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст .

Барчасп