Судури иҷозатнома барои баргузории маросими туйҳо дар Тоҷикистон аз 20 июн
Июн 18, 2020 08:46 Asia/Dushanbe
Ситоди муқобила бо Коронаи Тоҷикистон эълон кард аз 20 июн баргузории маросими туйҳо дар ин кишвар муҷоз аст.
Ба нақл аз сомонаи Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон , ин ситод эълон кард дар маросими арусӣ , рестаранҳо ё хона бештар аз 100 нафар набояд ҳузур дошта бошанд.
Ҳамчунин маросим бояд бо риояти тамоми шеваномаҳои беҳдоштӣ баргузор шавад.
Бар асоси тасмими мақомоти ситоди муқобила бо Коронаи Тоҷикистон аз 30 моҳи март баргузории маросими арусӣ дар ин кишвар мамнуъ шуд.