Охирин омори хурӯҷи коронавирус дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 18 Jun 2020 16:27:31 GMT )
Июн 18, 2020 21:27 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори хурӯҷи коронавирус дар Тоҷикистон

Бино бар омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифт, то соати 18: 30 дақиқаи имрӯз, панҷшанбе (18 июн), 5279 нафар дар ин кишвар мубтало ба коронавирус шудаанд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, то кунун дар Тоҷикистон 3762 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, то имрӯз 18 июн дар ин кишвар, 248 нафар зери назорати табибон қарор дошта ва дар як шабонарӯзи ахир, 62 нафар беҳбуд ёфтаанд ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Бино бар омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ин рӯзҳо дар 85 бемористони Тоҷикистон, беш аз 7 500 пизишк ва 25 000 парастор фаъолият мекунанд.