Июн 19, 2020 19:48 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши чашмгири содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя

Содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон аз оғози соли 2020 коҳиши чашмгире ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи ширкати давлатии “Барқи тоҷик”, дар панҷ моҳи нахусти имсол аз Тоҷикистон ба Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон ба арзиши 15 миллиону 832 ҳазор доллар барқ содир шудааст, ки ин миқдор дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 40 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳҳои январ то майи соли қабл Тоҷикистон ба ин се кишвари ҳамсоя ба маблағи 26 миллиону 300 ҳазор доллар барқ содир карда буд.

Мақомоти ширкати давлатии “Барқи тоҷик” иллати коҳиши содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷро тавзеҳ надодаанд.

Тоҷикистон дар соли 2019 аз ҳисоби фурӯши барқ ба хориҷ 91 миллиону 300 ҳазор доллар даромад касб карда буд.

Бар асоси тааҳҳудоти Тоҷикистон, ин кишвар имсол бояд содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.

 

 

 

 

 

Барчасп