Касрии 15 дарсадии буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон то поёни майи 2020
Вазорати молияи Тоҷикистон аз касрии беш аз 15 дарсадии буҷаи ҳукумати ин кишвар дар панҷ моҳи нахусти имсол хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Авесто”, ҳаҷми умумии буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон ба ҳашт миллиарду 104 миллион сомонӣ расида, ки касрии 15.2 дарсадиро нишон медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, иҷрои барномаи бахши даромади буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон тайи панҷ моҳи нахусти имсол 84.8 дарсад таъмин шудааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касрии буҷаро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбу корҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.
Коршиносони Вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисоди Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимол касрии 230 миллиондолларии буҷаи ҳукуматро то поёни имсол пешбинӣ кардаанд.
Ҳаҷми умумии буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ, муодили ду миллиарду 100 миллион доллар аст.