Интисоби мудирони нав дар шаҳрдории Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54674-Интисоби_мудирони_нав_дар_шаҳрдории_Душанбе
Шаҳрдори Душанбе теъдоде аз мудирони шаҳрдориро мансуб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 20, 2020 16:31 Asia/Dushanbe
  • Интисоби мудирони нав дар шаҳрдории Душанбе

Шаҳрдори Душанбе теъдоде аз мудирони шаҳрдориро мансуб кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Dushanbe.tj, бар асоси аҳкоми Рустами Эмомалӣ- шаҳрдори Душанбе Шарифхон Сафаров,  Илҳом Мусозода ва Наргис Шарифзода ба унвони муовинони шаҳрдори минтақаи Исмоили Сомонӣ мансуб шуданд. Ҳамчунин шаҳрдори Душанбе Абдулазиз Раҷабов, Шодимурод Аловиддинов ва Саодат Шукуроваро ба унвони муовинони шаҳрдори минтақаи Фирдавсӣ мансуб кард ва Руслан Қодирзод, Исуф Исматов ва Ошурбӣ Каримова, муовинони шаҳрдори минтақаи Сино шуданд.

Шаҳрдори Душанбе Аббос Саидмуминзодаро ба мансаби сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе мансуб кард.

Зарина Зуҳурова ҳам мансаби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳрдории шаҳри Душанберо бар уҳда гирифт.