Алифбонки Тоҷикистон ҷарима шуд
Коргурӯҳи таҳқиқ ва тафаҳҳуси Бонки миллии Тоҷикистон Алифбонки ин кишварро ба пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷаримаи молӣ маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Абдуллоҳ Қурбонов- мудири Алифбонк бо таъиди ин хабар гуфтааст, ки коргуруҳи Бонки миллии Тоҷикистон дар паи анҷоми таҳқиқ ва тафаҳҳус нуқсонҳоеро дар фаолияти ин ниҳоди молӣ ифшо кард, ки бояд ислоҳ ва бобати он 500 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт гардад.
Вай интишори ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоиро намунае аз шаффофияти фаолияти ин бонк унвон кардааст.
Алифбонки Тоҷикистон, ки бар асоси бонкдории исломӣ ва бидуни дарёфти суд аз қарз фаолият мекунад, дар шароити густариши вируси корона даст ба ду ибтикори муҳим зада буд.
Дар иқдоми нахусти масъулони Алифбонк ба муштариён эълом карда буданд, ки дар ин шароити сахт барои касбу корҳо метавонанд қарзҳои худро бо таъхир пардохт кунанд ва ҳеҷ навъ ҷарима низ нахоҳанд шуд.
Ин бонк дар иқдоми дувум ба ҳамроҳи ширкати мобелии Tcell нармафзори интиқоли даромади молӣ аз Русия ба Тоҷикистонро бидуни дарёфти кормузд роҳандозӣ кардааст, ки дар ҳар амалиёт коргарони муҳоҷири тоҷик метавонанд аз Русия то 27 ҳазор рубли русӣ ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.
Ин амалиёти интиқоли пул низ бидуни дарёфти кормузд хоҳад буд дар ҳоле, ки дар дигар бонкҳои Тоҷикистон кормузди ин интиқол 10 то 12 дарсад аст.
Алифбонки Тоҷикистон бо 200 корманд дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва шаҳри Тошканди Узбакистон фаолият мекунад.