58 мавриди ҷадиди COVID-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтӣ
Июн 21, 2020 16:27 Asia/Dushanbe
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард, ки дар шабонарӯзи ахир 58 мавриди ҷадиди COVID-19 дар ин кишвар бидуни фавтӣ сабт шудаст.
Ба нақл аз сомонаи Спутник, то рӯзи якшанбе, 21 июн дар ин кишвар теъдоди фавтшудагон бар асари коронавирус бидуни афзоиш, ҳамон 52 нафари қаблӣ эълом шудааст.
Ин вазоратхона теъдоди умумии афроди мубтало ба коронавинусро дар Тоҷикистон, то рӯзи якшанбе 21 июн, 5 ҳазору 457 нафар эълом кард.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 19:00 рӯзи якшанбе, 21 июн, дар ин кишвар 4 ҳазор нафар низ аз бемории корронавирус беҳбуд ёфтаанд.
Барчасп