Июн 22, 2020 11:12 Asia/Dushanbe
  • Барномаи вижаи вилояти Бадахшон барои сафари раиси ҷумҳур

Мақомоти вилояти Бадахшон эълом кардаанд, ки барои сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ин минтақа барномаи вижае омода кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Райҳонбегим Мавлобахшзода- муовини раиси шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон бо эъломи ин хабар гуфтааст, ки замони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ин минтақа дар рӯзҳои Истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябр хоҳад буд.

Ин нахустин сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон аз замони интисоби Ёдгор Файзов ба симати раёсати ин вилоят дар моҳи сентябри соли 2018 хоҳад буд.

Дар сафари қаблии вай ба вилояти Бадахшон тамомии масъулони ҳукуматӣ, низомӣ ва амниятии вақт барканор ва барои барқарории назму амният дар шаҳри Хоруғ ситоди вижае ташкил шуд, ки акнун низ ба фаолияти хеш идома медиҳад.

Аз сӯи дигар Эмомалӣ Раҳмон эълом кардааст, ки то сиюмин солрӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 дар қаламрави вилояти Бадахшон беш аз 400 тарҳи иқтисодӣ ва тиҷорӣ, обрасонӣ, нақлиёт ва омӯзишӣ ва фарҳангӣ ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Барчасп