Баргузории музоядаи ширкати Азоти Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54786-Баргузории_музоядаи_ширкати_Азоти_Тоҷикистон
Давлати Тоҷикистон тасмим гирифт барои фуруши саҳоми ширкати Азот музояда баргузор кунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 23, 2020 21:29 Asia/Dushanbe
  • Баргузории музоядаи ширкати Азоти Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифт барои фуруши саҳоми ширкати Азот музояда баргузор кунад.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ мақомоти Тоҷикистон қимати поя барои ширкат дар музоядаро 190 миллион сомонӣ эълом карданд.

Ширкати "Азот" (қаблан корхонаи нитрогении Вахш) дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон ҷойгир аст.

Эҳдоси хати лулаи интиқоли гази "Ёвон ба Леваканд" ба муддати се сол ба эътибори 400 миллион сомонӣ, аз ҷумла шароити гузошта шудаи Тоҷикистон барои барандаи музояда аст.

Ҳамчунин барандаи музояда бояд дар давоми се сол 1100 шуғл эҷод кунад.

Масъулони кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амлоки давлатӣ, бадеҳиҳои ширкати Азотро дар ибтидои соли 2020 ҳудуди 24 миллион сомонӣ ва мутолиботи онро ҳудуди 59 миллион сомонӣ эълом карданд.

Корхонаи нитрогении Вахш соли 1957 эҳдос шуд, соли 2014 мақомоти Тоҷикистон ин ширкатро миллӣ эълом кард.

Ин ширкат 12 сол аст, ки таътил шуда ва Тоҷикистон маҷбур аст маводи маъдании мавриди ниёзи худро бо қимати болоӣ аз хориҷ ворид кунад.

Тоҷикистон ҳамасола аз Русия ва Узбакистон ба маблағи 70 миллион доллар аммиак ва мочевин харида мегирад.