Июн 24, 2020 11:25 Asia/Dushanbe
  • Рушди содироти фулузот ва сангҳои қиматбаҳо аз Тоҷикистон

Тоҷикистон аз ибтидои имсол содироти фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳоро афзоиш додааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз гузориши Ожонси Агентии омори назди президенти ҶТ, аз оғози имсол то кунун содироти фулузот ва сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо ҳафт баробари давраи мушобеҳи соли 2019 афзоиш ёфтааст.

Мизони содироти фулузот  ва сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо болиғ бар беш аз 303.8 миллион доллар буда, ки беш аз 260.5 миллион доллар дар қиёси бо муддати мушобеҳ дар соли 2019 афзоиш нишон медиҳад.

Идораҳои марбутаи Тоҷикистон иттилоот дар мавриди содироти фулузоти гаронбаҳо ба кадом як аз кишварҳои хориҷиро ироа намедиҳад бо ин ҳол ҳадс зада мешавад, ки яке аз ин кишварҳо Швейтсария бошад.

Тибқи охирин оморҳо, гардиши молии тиҷорат байни Тоҷикистон ва Швейтсария дар панҷ моҳи нахусти имсол беш аз 306.2 миллион доллар бо 6.2 дарсад афзоиш будааст.

Беш аз 303.7 миллион аз ин маблағ марбут ба содироти колоҳои Тоҷикистон ба Швейтсария аст.

 

Барчасп