Нахустин парвози Тоҷик Эйр аз Душанбе ба Бадахшон пас аз 16 моҳ
(last modified Wed, 24 Jun 2020 12:14:33 GMT )
Июн 24, 2020 17:14 Asia/Dushanbe
  • Нахустин парвози Тоҷик Эйр аз Душанбе ба Бадахшон пас аз 16 моҳ

Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик Эйр рӯзи сешанбе нахустин парвози худро бо 16 мусофир аз Душанбе ба Бадахшон пас аз 16 моҳи танаффус аз Душанбе ба шаҳри Хоруғи Бадахшон анҷом дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шакархудо Додхудо пилоти ҳавопаймои Антонов-28, гуфт, ки бо афзоиши шумораи мусофирон, парвозҳои бештар ба ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" аз рӯзи душанбе ба Хоруғ пешниҳод хоҳад шуд.

 

Қаблан бархе аз фаъолони расонаҳои иҷтимоӣ рӯзи душанбе нархи баланди чиптаҳои ҳавопаймо дар масири Душанбе -Хоруғ, ки 900-сомонӣ эълон шудааст. танқид карданд.

Бо ин ҳол ба далели тулонӣ ва кӯҳистонӣ будани масири заминии Душанбе-Хоруғ, ки ки 16 то 17 соат замон мебарад, теъдоди дигаре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, интиқоли беморон, кӯдакон ва афроди куҳансолро бо ҳавопаймо аз Хоруғ ба Душанбе муносиб медонанд.

Шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар иртиқои ду ҳазору 200 метрии сатҳи дарё воқеъ шудааст ва ба далели вуҷуди кӯҳистонҳои баланд дар масири Душанбе ба ин минтақа танҳо ҳавопаймоҳои Як-40 ва Антонов -28 метавонанд ба ин минтақа парвоз кунанд, чаро киҳавопаймоҳои Боинг тавони парвоз аз ин минтақаи кӯҳистониро надоранд.