Июн 24, 2020 21:09 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва дабири кулли Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо дабири кулли Созмони ҳавошиносии ҷаҳонӣ дар мавриди тақвияти ҳамкорӣ дар қолаби тарҳи “Фароянди оби Душанбе” бо якдигар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши “Ховар”, дар ин гуфтугӯ Петри Толос чигунагии эътилофи об ва иқлимро ба унвони шашумин омили зерсохти тавсеаи пойдор дар кишварҳои мухталиф барои вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ташреҳ кард.

Сироҷиддини Муҳриддин низ дар мавриди талошҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи обуҳавошиносӣ дар сутӯҳи мухталиф, паёмадҳои тағйироти муҳитизистӣ ва лузуми муҳофизат аз пиряхҳои табиӣ тавзеҳоте ироа кард.