Июн 25, 2020 16:33 Asia/Dushanbe
  • Шикояти 300 нафар аз шаҳрвандони ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳудуди 300 нафар аз сокинони Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ба далели сабт нашудани маҳалли зиндагии Душанбе, аз шаҳрдорӣ шикоят доранд.

Ба нақл аз яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, онҳо мегӯянд, ба ҳамин далел фарзандони онҳо наметавоанд дар мадраса ё дар муассисоти олӣ сабти ном кунанд.

Ба гуфтаи сокинон, дархости онҳо аз мақомоти маҳаллӣ барои ҳалли ин масъала натиҷае надоштааст.

Мақомот мегӯянд, шаҳрвандон мутақозии сабти ном ё ба истилоҳ "иҷозаи иқомат", хонаҳои худро ғайриқонунӣ сохтанд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, агар онҳо ғайриқонунӣ дар ин заминҳо хона сохтанд, пас чаро молиёт ва қабзҳои хадамотӣ пардохт мекунанд.