Баррасии тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе
(last modified Fri, 26 Jun 2020 13:24:26 GMT )
Июн 26, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Душанбе

Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар дидори мақомоти ду кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Зоҳир Саидзода, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Бар асоси гузориши маркази матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни ин мулоқот масоили муҳими марбут ба таомулоти дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баҳсу баррасии тарафайн қарор гирифт.

Ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шангхай ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи дигар мавзӯоте буд, ки тайи ин дидор баррасӣ шуд.