Радди хабари баста шудани бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе
(last modified Fri, 26 Jun 2020 15:47:54 GMT )
Июн 26, 2020 20:47 Asia/Dushanbe
  • Радди хабари баста шудани бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе

Мақомоти шаҳрдории Душанбе хабари баста шудани бозори “Корвон” –и шаҳри Душанберо рад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Абдулмаҷид Ҳакимзода, раиси идораи равобити умумии шаҳрдории Душанбе гуфт, ҳанӯз дар бораи баста шудани бозори “Корвон”, марокизи харид ва бахшҳои хадамотӣ тасмиме гирифта нашудааст.

Вай афзуд, бо таваҷҷуҳ ба шароити феълӣ барои бастани бозор зарурате вуҷуд надорад.

Ӯ гуфт, иттилооти мароҷеи беҳдоштӣ нишон медиҳад, ки вазъияти густариши корона дар шаҳри Душанбе контрол шуда ва теъдоди беморон ҳам коҳиш ёфтааст.

Чанд рӯзе аст ахборе мабнӣ бар таътилии бозори “Корвон” ва дигар маконҳои умумии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мешавад. Мунташиркунандагон иллати таътилиро афзоиши теъдоди мубталоён ба корона дар шаҳри Душанбе эълом мекунанд.