52 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтида
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54909-52_мавриди_нави_КОВИД_19_дар_Тоҷикистон_бидуни_фавтида
Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар шабонарӯзи ахир 52 мавриди нави КОВИД-19 дар ин кишвар бидуни фавтида ба сабт расидааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 28, 2020 06:36 Asia/Dushanbe
  • 52 мавриди нави КОВИД-19 дар Тоҷикистон бидуни фавтида

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кард: Дар шабонарӯзи ахир 52 мавриди нави КОВИД-19 дар ин кишвар бидуни фавтида ба сабт расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 10 субҳи рӯзи якшанбе 28 июн дар ин кишвар теъдоди фавтидагон бар асари вируси корона бидуни афзоиш ҳамон 52 нафари қаблӣ эълом шудааст.

Ин вазоратхона теъдоди умумии ашхоси мубтало ба КОВИД-19-ро дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи якшанбе 28 июн панҷ ҳазору 799 нафар эълом кард.

Бар асоси гузориши Вазорати тандурусти Тоҷикистон то субҳи рӯзи якшанбе 28 июн дар ин кишвар чаҳор ҳазору 391 нафар низ аз бемории КОВИД-19 беҳбуд ёфтанд, ки беш аз 75.7 дарсад аз кулли беморонро ташкил медиҳад.

Таи шабонарӯзи ахир 60 нафар низ пас аз беҳбуд ёфтан аз бемории КОВИД-19 аз марокизи дармонии Тоҷикистон рухсат ёфтаанд ва 278 тан ба гумони мубтало шудан ба вируси корона дар бемористонҳо таҳти муроқибат қарор гирифтаанд.